Ба ширкатҳои туркӣ имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара дар ҳамкорӣ бо Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) дар шаҳри Истанбул нишасти кории «Мизи мудаввари тиҷоратии Тоҷикистону Туркия» баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.
Зимни ҷаласаи мазкур ба беш аз 50 ширкати тоҷикию туркӣ имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардида, инчунин миёни соҳибкорони ду кишвар вохӯриҳои В2В ва мубоҳисаҳои доманадор сурат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 8 апрели соли 2022 дар Истанбул вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Президенти Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак баргузор гардид.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар, пеш аз ҳама, гардиши савдо ва раванди ҷалби сармояи мустақими туркиро ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноатро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мувофиқаҳо ҳосил гардиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ миёни бахши хусусии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи бонкдорӣ ва энергетика форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ давоми соли равон ташкил карда шаванд.
Акс: Сафорати Тоҷикистон дар Анқара








Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид






