Ба сокинони шаҳри Роғун моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд

Январь 22, 2023 09:01

РОҒУН, 22.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун аз ҷониби гурӯҳҳои кории иборат аз вакилону фаъолон бо сокинону истиқоматкунандагони деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳои судманд  баргузор мегарданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Роғун  Зафар Ҳисориев дар вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Ҷавонии Ҷамоати деҳоти Қади Об иброз намуд, ки «Паёми имсола идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти давлатро  барои оянда  муайян мекунад. Бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат  раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини  рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».

Дар ин ҳамоишҳо масъулин ҳамзамон оид ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, пешрафти устувори  соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои саноату сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан гуфтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Январь 22, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид