БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН: Қазоқистон ба қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷирон тағйиру иловаҳо ворид мекунад

Январь 20, 2023 14:01

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври муваққатӣ ё доимӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон истиқомат доранд, расонида мешавад, ки аз 27 январи соли 2023 Ҳукумати Қазоқистон ба қоидаҳои вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Тибқи тағйиру иловаҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон 90 рӯзи тақвимӣ (се моҳ) давоми ҳар 180 рӯзи тақвимӣ (шаш моҳ) будубош намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато хабар медаҳад. 

Ёдовар мешавем, ки тибқи шартномаи байниҳукуматӣ дар бораи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони Тоҷикистон аз уҳдадории бақайдгирӣ дар мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қазоқистон  давоми 30 шабонарӯз аз санаи вуруд озод мебошанд. Дар сурати будубоши зиёда аз 30 шабонарӯз шаҳрвандони Тоҷикистон худро бояд дар политсияи муҳоҷирати Қазоқистон ба қайд гузоранд. Бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳлати на зиёда аз 90 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монда мешавад.

Маҳдудияти нав нисбат ба шаҳрвандоне, ки тибқи тартиби муқарраршуда иҷозатномаи иқомати муваққатӣ гирифтаанд, татбиқ намегардад.

Тағйироти нав аз 27 январи соли 2023 қувваи эътибор пайдо мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 20, 2023 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд