БО ПАЁМ БА СӮИ ФАРДОИ БОСАОДАТ. Дар ин ҳуҷҷати роҳнамо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон дар соли 2022 амиқ таҳлил гардидааст

Январь 6, 2023 11:24

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурамали босамари фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб шуда, доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд. Ин нуктаро зимни шарҳи Паёми навбатӣ вакилони Маҷлиси намояндагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба интихобкунандагон баён доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вакили Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар мулоқот бо интихобкунандагон – сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чинор ва Саразми шаҳри Панҷакент муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳуриро шарҳ дода, изҳор намуданд, ки дар ин ҳуҷҷати роҳнамо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа дар соли 2022 амиқ таҳлил шудааст.

«Дар Паём зикр гардидааст, ки ба рағми равандҳо ва мушкилоти гуногуни сиёсӣ иқтисоди Тоҷикистон рушд карда, сатҳи некӯаҳволии мардум баланд гашта, бо пазируфта шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ обрӯ ва нуфузи мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, чун мамлакати амн ва ташаббускор шинохта шудааст», — тазаккур доданд дар мулоқот.

Дар ин мулоқот дигар самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба тафсил шарҳу тавзеҳ ва маънидод карда, ба саволу пешниҳодҳои иштироккунандагон посух гуфта шуд.

Ҳамзамон дар деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Деваштич №24 Комрон Исмоилиён ва Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии судманд баргузор гардид.

Комрон Исмоилиён оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зери таваҷҷуҳи  хоссаи Президенти кишвар қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, инчунин баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар сухан гуфт.

5 январ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Фаизобод №11 Файзулло Наҷмиддиниён, Саодатшо Матробиён ва муовини якуми Раиси ноҳияи Нуробод Маҳмад Шоҳиён ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саломатшо Саъдуллоев бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор шуд. Зимни он ба таври мухтасар мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат шарҳ ёфта, онро ба ҳозирин чун дастури раҳнамунсоз ҷиҳати пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маънидод карданд.

Вохӯриву суҳбатҳо доир ба Паёми Пешвои миллат дар ташкилоту муассисаҳо ва дурдасттарин деҳаҳои ноҳияи Нуробод низ доир мешаванд.

Ҳамчунин гурӯҳи тарғиботӣ вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҳудуди Ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт вохӯрӣ анҷом дод.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ, Раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов, собиқадори меҳнат Нодирҷон Солиҷонов нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлатро иброз доштанд.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Балҷувон баргузор гардид.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зайниддин Сафарзода иброз доштанд, ки муҳимияти хоси Паёми имсола таваҷҷуҳи бештар равона намудани Пешвои миллат ба табақаи ниёзманди ҷомеа ва роҳандозии иқдомҳои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Ҳамзамон вобаста ба дигар мавзӯъҳои дар Паём ироагардида, махсусан қабул гардидани ташаббуси панҷуми Пешвои миллат дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи байналмилалии пиряхҳо ва муқаррар намудани рӯзи махсус барои ҳифзи пиряхҳо маълумот дода, ин санади сатҳи байналмилалиро нишонаи болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода баён дошт, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Балҷувон дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаю поквиҷдонона ҳисса мегузоранд.

Акс: МН МО ҶТ

Январь 6, 2023 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон қарор дорад, -бардошт аз ҳамоиш дар Парлумон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ намуд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд