Бори аввал маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар Берлин муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 87-уми «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар маркази намоишгоҳҳои Берлин «Messe Berlin», ки 20 январ оғоз гардид, муаррифӣ карда мешавад. Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» аз соли 1926 инҷониб ҳамчун майдони муҳими муаррифии маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, роҳандозии ҳамкории баъдӣ бо шарикон ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба гӯшаи худро дар он ташкил кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Дар гӯшаи Тоҷикистон зиёда аз 160 номгӯй маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, меваҳои тару тоза ва хушк, афшураҳо, обҳои ташнагишикан, ҳамчунин брошюраҳо дар бораи зарфияти кишоварзӣ ва сармоягузорӣ дар ин самт пешкаши тамошобинон гардиданд.
Илова бар ин, ба меҳмонон имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ муаррифӣ карда шуданд.
Ҳайати расмии Тоҷикистонро муовинони Вазири кишоварзӣ, Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав, муовинони Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ намояндагӣ мекунанд.


21 январ бо даъвати Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Уздемир Конфронси 15-уми вазирони кишоварзии Берлин зери унвони «Табдил додани системаҳои озуқаворӣ: вокуниши глобалӣ ба буҳронҳои сершумор» баргузор карда шуд, ки дар он 70 нафар вазирони кишоварзӣ ва намояндагони 14 созмони байналмилалӣ ҳузур доштанд.
Имсол «Ҳафтаи байналмилалии сабз» маротибаи 87-ум бо масоҳати умумии беш аз 113 000 метри мураббаъ доир карда шуда, дар он 1400 нафар намоишгарон аз 60 давлати мухталиф маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ, ҳайвоноти хонагӣ, чорвои калон ва таҷҳизоту мошинҳои кишоварзӣ намоиш медиҳанд. Боздиди тақрибан 400 000 нафар тамошобинон аз ин намоишгоҳ дар назар аст.
Шурӯъ аз соли 2008 дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» ҳамоиши умумиҷаҳонии озуқа ва кишоварзӣ (Global Forum for Food and Agriculture) доир карда мешавад. Вазирони кишоварзии давлатҳои мухталиф ва намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рушди босуботи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар мавзӯъҳо мубодилаи афкору таҷриба менамоянд.


Дар ҳошияи чорабинӣ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзони тамоми дунё баргузор гардида, дар натиҷа садҳо қарордоду шартномаҳои нави ҳамкорӣ ва хариду фурӯши маҳсулоти ҳаётан муҳим ба имзо мерасанд.
Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар Берлин то 29 январ идома мекунад.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






