БОРИШИ БАРФ ШИМОЛИ ҲИНДУСТОНРО ПӮШОНД. Аз сабаби бориши зиёд хатҳои интиқоли барқ хароб шудаанд

Январь 27, 2023 13:30

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бориши барф шимоли Ҳиндустонро фаро гирифт — дар вилояти Кашмир барфтӯдаҳо ба 60 сантиметр мерасанд, иттилоъ медиҳад «МИР 24».

Аз сабаби бориши зиёд хатҳои интиқоли барқ ​​хароб шуданд. Ҳавои номусоид ҳаракати нақлиётро вайрон кард. Роҳи ягонае, ки Кашмирро бо дигар иёлот мепайваст, баста мебошад. Дар фурудгоҳи Сринагар ҳамаи парвозҳо бекор карда шудаанд.

«Дар ин ҷо тақрибан як метр барф боридааст. Одамон бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, лекин ҳамзамон онҳо хушбахтанд,  зеро бисёриҳо ба ин ҷо барои бардоштани таассурот омадаанд», — зикр кард сокини маҳаллӣ Ориф Аҳмад.

Кашмир давраи сахти зимистонро, ки «чиллаи калон» ном дорад, аз сар мегузаронад. Ҳавошиносон ваъда медиҳанд, ки ҳафтаи оянда вазъияти ҳаво тағйир меёбад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 27, 2023 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд