БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024. Имрӯз рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобӣ муайян мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 январи соли 2023 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 оид ба футбол миёни бонувон баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон низ рақибони худро пайдо месозад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ 31 даста ба ҳафт гурӯҳ тақсим мешавад: панҷ гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ва ду гурӯҳи дигар иборат аз се даста.
Бозиҳои даври аввал аз 3 то 11 апрели соли 2023 баргузор мешаванд. Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки онҷо панҷ дастаи беҳтарин дар Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат ҳамроҳ мешаванд.
Чаҳор дастаи беҳтарини даври дуюми интихобӣ (се ғолиби гурӯҳ ва беҳтарин дастае, ки ҷойи дуюмро ишғол кардааст) дар даври сеюми интихобӣ бо ҳам вомехӯранд.
Дар даври ниҳоӣ дастаҳо ба ду ҷуфт тақсим шуда, ду бозӣ – дар хона ва дар меҳмонӣ баргузор мекунанд. Ғолибони ҷуфтҳо ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Парижро ба даст меоранд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






