Чин карантини ҳатмиро лағв кард

Январь 9, 2023 10:04

ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 январи соли равон Чин маҳдудиятҳои асосии вуруд ба кишварро, ки дар доираи мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буданд, лағв намуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Bloomberg хабар дод.

Аз шаҳрвандони хориҷӣ то ҳол санҷиши COVID-19, ки 48 соат пеш аз сафар гирифта шудааст, талаб карда мешавад, аммо онҳо дигар ҳангоми вуруд ба Чин ба карантин фаро гирифта намешаванд.

Чин дар арафаи Соли нав, ки аз рӯи солшумории қамарӣ ба 22 январ рост меояд, маҳдудиятҳои сафарро лағв мекунад. Дар давраи ид чиниҳо аз рӯи анъана ба аёдати хешу табор мераванд. Тибқи иттилои ВАО, дар байни онҳое, ки пас аз лағви маҳдудиятҳои ковид ба аввалин парвозҳо омадаанд, онҳое буданд, ки чанд сол боз натавонистанд оилаи худро бубинанд.

Ёдовар мешавем, ки Соли нави чинӣ муҳимтарин ҷашн дар Чин буда, санаи таҷлили он аз рӯи солшумории қамарӣ муайян карда мешавад.

ДАР АКС: сокинони Гонконг пас аз сабук шудани маҳдудиятҳо ба Чин мераванд. Акс: Anthony Kwan/Getty Images

Январь 9, 2023 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд