COVID-19. СУТ дар бораи 13% афзоиш ёфтани фавт бар асари коронавирус хабар дод

Январь 27, 2023 13:28

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) изҳор дошт, ки афавт бар асраи коронавирус 13 фоиз афзоиш ёфт, АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

Тазаккур дода мешавад, ки дар давраи аз 26 декабр то 22 январ беш аз 11 миллион нафар ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 55 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар созмон иттилоъ доданд, ки теъдоди мубталоён ба COVID-19 дар муқоиса бо 28 рӯзи қаблӣ 25 дарсад коҳиш ёфтааст.

Аз 16 то 22 январ бештари сироятҳо дар Ҷопон (672 526 нафар) ва ШМА (323 721 нафар) ошкор шудаанд.

То 25 январ дар СУТ аз оғози пандемия 664 873 023 ҳолати сирояти коронавирус ва 6724 248 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 27, 2023 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст