Дар Афғонистон беш аз 20 нафар қурбони сардиҳо шуданд

Январь 17, 2023 10:59

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон бар асари якбора сард шудани ҳаво дар чанд вилояти ин кишвар беш аз 20 нафар қурбон шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ин бора рӯзи душанбе шабакаи телевизионии TOLOnews хабар додааст. 

Шабакаи телевизионӣ зикр намудааст, ки қурбониёни сармо асосан намояндагони қишрҳои камбизоат гардиданд, ки аз камбуди ғизо ва сӯзишворӣ барои гарм кардани хонаҳояшон ранҷ мебурданд.

Ба гузориши воситаҳои ахбори оммаи Афғонистон, дар ғарби вилояти Ҳирот бар асари сармои аз андоза зиёд қариб 70 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар шимолу ғарби музофоти Бодғис сармо қариб 4000 cap чорвои калони шохдорро нобуд кардааст.

Бинобар сармои шадид ҳазорон гектар заминҳои зироати кишоварзӣ низ зарар дидаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 17, 2023 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид