Дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом 29 техника барои мавсими нави кишт омодаи кор аст
ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом шудгори заминҳо идома дошта, масъулини соҳаи кишоварзӣ ба мавсими нави кишт омодагӣ мебинанд. Дар Куҳандиёр 1922 гектар замини корам мавҷуд буда, дар 1400 гектари он чигит кишт карда мешавад. Барои шудгори заминҳо дар айни замон 29 техника омодаи кор аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Мавриди зикр аст, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими нави кишт аз наздик шинос гардид.
Раиси вилоят барои сари вақт ба охир расонидани шудгори замин, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба роҳбарияти шаҳр супориш дод.
Ҳамзамон бо корҳои васлу насби қубурҳо ва бунёди пойгоҳи обкашӣ дар Ҷамоати ба номи Раҷаб Ҳамроев, сохтмони бинои нави мактаби рақами 48 дар деҳаи Сомониён, сохтмони маркази савдо ва тарабхонаи соҳибкор Соҳиба Исроилова, маркази савдо ва хизматрасонии соҳибкор Мавҷуда Шарипова, бинои муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 2 шинос шуда, барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода додани иншоот ба масъулин супоришҳо дод.
Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конибодом бунёду навсозии 41 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






