Дар баъзе минтақаҳои Россия ҳарорати пасти ҳаво то минуси 60 дараҷа дар назар аст

Январь 12, 2023 12:44

ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар» /. Дар рӯзҳои наздик дар вилояти Иркутск то 58 дараҷа, дар Якутия то 63 дараҷа ва дар кишвари Красноярск то 55 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Дар вилоятҳои Оренбург, Пенза, Саратов низ ҳавои ғайримуқаррарии сард пешбинӣ шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз ба ТАСС роҳбари илмии Маркази обуҳавошиносии Россия Роман Вилфанд хабар дод.

«Дар Якутия 5 рӯзи оянда сардиҳои шадид боқӣ монда, дар вилояти Иркутск ва минтақаҳои шимолӣ ҳарорати ҳаво аз 12 то 14 январ то 58 дараҷа паст мешавад. Дар ду рӯзи оянда дар вилоятҳои Оренбург, Пенза ва Саратов ҳарорати ҳаво нуҳ дараҷа аз меъёр пасттар ва бештар аз он пешгӯӣ мешавад», — гуфт ӯ.

Тибқи иттилои Маркази обуҳавошиноии Россия, дар баъзе минтақаҳои Якутия ҳаво рӯзҳои 13 ва 14 январ то 58-63 дараҷа сард мешавад. Дар вилоятҳои Оренбург ва Пенза рӯзҳои наздик то 26-30 дараҷа ва дар вилояти Саратов то 22 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ карда шудааст. Дар баъзе минтақаҳои кишвари Красноярск 12-14 январ то 52—55 дараҷа сармо дар назар дошта шудааст.

ДАР АКС: маркази зиддисиклон дар Якутия дар болои қутби сарди нимкураи Шимолии Оймякон воқеъ гардидааст.

Рӯзи чоршанбе, 11 январи соли 2023 дар деҳаи Оймякони Якутия ҳарорат то 60 дараҷа сард шуд. Чанде пеш чунин нишондод дар ноҳияи Оленеки Якутия сабт шуда буданд. Ба ибораи дигар, Россия бори дигар мақоми сардтарин кишварро тасдиқ кард. Аз се ду ҳиссаи қаламрави Россия дар минтақаи сардиҳои ғайримуқаррарӣ ҷойгир аст.

Имрӯз ҳарорати ҳаво дар Душанбе ба ҳолати соати 8:30-и субҳ 13 дараҷа хунук буд.

АКС аз манобеи боз

Январь 12, 2023 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон