Дар «Фахробод» тамринҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар машқгоҳи «Фахробод»-и гарнизони Хатлон тамринҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томи таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила доир карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.
Мақсад аз баргузор гардидани машқҳо- асосан танзими ҳолати низомӣ ё таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифтани тартиботи ҷамъиятиву ҳуқуқӣ, бурдани амалиёти муштараки махсус, ҳаракати ҷузъу томҳои асосӣ, ҳамчунин таъқиб ва нобуд сохтани гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст буд.
Барои дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикану ғайриқонунӣ мусаллаҳи мамлакат бо истифода аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯш, авиатсияи ҷангӣ, мошинҳои махсуси замонавии зиреҳпӯш, норинҷаки дастӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҳозиразамони мухталифи ҳарбӣ ба сӯйи ҳадафҳои ниҳоӣ, ки таҷассумгари душманони шартӣ буданд, оташи шадид равона гардид.
Дар машқҳои мазкур унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза бар зидди афроди ғайриқонунии мусаллаҳ амалан коркарду тарҳрезӣ шуданд.
Ҷараёни баргузории машқҳои мазкур аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бевосита назорат карда шуд.
Зимни ҷамъбасти даври ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу суботи мамлакат, амнияти давлату миллат, сиёсати дифоии кишвар, таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ ва боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат таъкид карда шуд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид






