Дар Файзобод ба муносибати ҷашни Сада барои ятимону маъюбон барномаи идона доир карданд
ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ ба муносибати ҷашни Сада дар чойхонаи «Наврӯз»- и ноҳияи Файзобод барои ятимони кулл ва маъюбон ҷамъомади идона доир карда шуд. Дар ҳамоиши идона ба ятимону маъюбон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабар медиҳад.
Аз ҷониби масъулин ба иштирокдорони ҷамъомади идона доир ба аҳаммияти ҷашни Сада, таърихи пайдоиши он, риояи суннатҳои аҷдодӣ ва чи гуна таҷлил гардидани он аз ҷониби деҳқонону кишоварзон ва аҳолӣ дар гузаштаву имрўз маълумоти муфассал дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷашни Сада дар қатори дигар идҳои қадимаи тоҷикон пас аз соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, мақсад аз таҷлили он сарҷамъ сохтани мардум, бедор намудани ҳисси худшиносӣ дар замири насли наврас, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба кишту кори баҳорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки дар баробари заҳмату талошҳои ободкорона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимон, маъюбон ва эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор додаанд, ки ин иқдом намунаи ибрати ҳамагон мебошад.
Дар идомаи ҷамъомад аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барои болидахотирии кӯдакон барномаи рангини консертӣ доир карда шуд.
АКС: МИҲД ноҳияи Файзобод








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






