Дар Хатлон барои наваскарон бурсҳои ройгон ташкил гардиданд

Январь 20, 2023 08:57

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 17 январ Кумитаи вилоятии Созмони ҷамъиятии мададгори мудофиа дар вилояти Хатлон бурсҳои кӯтоҳмуддати ронандагии ройгон эълон намуд. Дар ин бора муовини сардори Мактабҳои техникии муттаҳидаи Кумитаи вилоятии Созмони ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон Манучеҳр Тоҷиев хабар дод.

Дар айни замон ба бурсҳои ронандагӣ беш аз 70 дархост аз ҷониби наваскарон ворид шудаанд.

Маблағгузории ташкил ва гузаронидани бурсҳо дар вилояти Хатлон аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барои омӯзиши ҷавонон таҷҳизоту воситаҳо омода карда шудаанд.

Бо мақсади таълиму тарбия ва омода намудани ҷавонон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бурсҳои тирандозӣ ва касбҳои гуногун, аз қабили ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшерчӣ, сартарош таъсис дода шудаанд.

Давраи омӯзиш дар бурсҳои ронандагӣ дар вилояти Хатлон то 3 моҳ идома меёбад. Устодон ва мураббиён ихтиёриёнро ба таври амалӣ ва таҷрибавӣ таълим медиҳанд.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2023 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид