Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти корхона, хадамот ва муассисаву идораҳои тобеи он ҷамъомад баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.
Дар ҷамъомад нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуданд.
Тавре тазаккур дода шуд, дар Паём дар баробари дигар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ҳамчунин нақшаву барномаҳои минбаъда дар соҳаи роҳу нақлиёт низ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо аз кормандону мутахассисони соҳа, аз ҷумла кормандону мутахассисони «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъулияти зиёд талаб менамояд.


Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи роҳу нақлиёт низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар панҷсолаи охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Дар айни замон дар соҳа 17 лоиҳаи сармоягузории давлатии дигар ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ татбиқ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муайян гардида, масъулини соҳаҳои дахлдори мамлакат барои иҷрои босифат ва саривақтии нишондиҳандаҳои он мушаххасан вазифадор карда шудаанд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






