Дар Мастчоҳ Маркази занон бунёд карда мешавад

Январь 24, 2023 10:24

ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ дар доираи кумакҳои бебозгашти Ҷопон Маркази занон бунёд карда мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур нақши занонро дар ҷомеа таҳким бахшида, омили таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад. Ҳамзамон ин марказ имкони гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва машваратҳои касбӣ барои тамоми занони ноҳияро фароҳам меоварад. Ҳамчунин баробари бунёди марказ занон метавонанд дар он малакаи касбӣ, маслиҳат ва ё кумаки ҳуқуқӣ бигиранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ медиҳад.

Тибқи лоиҳа, сохтмони Маркази занон моҳи феврали соли равон бо маблағгузории Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки қарордоди сохтмони Маркази занон дар ноҳияи Мастчоҳ 23 январ дар шаҳри Душанбе миёни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики ва Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба имзо расид.

АКС: Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ

Январь 24, 2023 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст