Дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд

Январь 18, 2023 11:07

ШАҲРИНАВ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар фасли зимистон бо мақсади эмин ва бе талаф нигоҳ доштани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз тарафи муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои биотехникӣ доир шуда, зимни он дар ҷойҳои сукунати ҳайвоноту парандагон хошок, рези гандум, ҷав, шолӣ ва дигар намуди хӯроки чорво гузошта мешаванд. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.

Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал бо мақсади бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноту парандагони нодир дар ин рӯзҳои сарди зимистон зиёда аз 1100 килограмм ҷуворимакка, гандум, ҷав, намак ва хасу хошокро дар мавзеъҳои пурбарфи Қаратоғ гузоштанд.

Корҳои биотехникӣ ҳамчунин дар дигар мавзеъҳои баландкӯҳи ноҳия гузаронида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Январь 18, 2023 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад