Дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шаҳомати хосса таҷлил карда шуд

Январь 26, 2023 11:37

РАШТ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Сокинон ва кишоварзон дар макони баргузории ин маросим гулхан афрӯхта, дар атрофи он шодиву хурсандӣ намуданд ва омодагии худро ба мавсими кишту кори баҳорӣ нишон доданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо иттилоъ доданд.

Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардидааст ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, дар ин ҷашни таърихӣ намоишҳои идона доир карда шуданд, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ иборат буданд. Ин намоишҳо далели меҳнати содиқонаву софдилонаи кишоварзони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод мебошанд.

Сада ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, таҷлили он башорат медиҳад, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш рӯ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳоро бо табиат буда, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз, инчунин кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод

 

Январь 26, 2023 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд