Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб корхонаи муосири дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз кард

Январь 26, 2023 16:19

ХОРУҒ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии босуръати мамлакат дар Ҷамоати деҳоти Бердибоеви ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи хурди дӯзандагии «Салтанат» барои 20 нафар бонувони хонанишини ноҳия ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН иттилоъ медиҳад.

Ин корхона дар ояндаи наздик дар таъмини 13 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 2 500 нафар хонанда бо либоси ягонаи мактабӣ нақши арзанда мегузорад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият ва ҷалби ҳарчи бештари занони хонанишин ба шуғл ба корхонаи мазкур 16 мошинаи муосири дӯзандагӣ дастрас карда шуд. Чанд нафар аз занону духтарон ҳамчун тарроҳи либос ба давраи омӯзишӣ дар шаҳри Хоруғ ҷалб карда шуданд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сафаргул Мубаширова гуфт, ки «Мурғоб яке аз дурдасттарин ва сардтарин ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Роҳбарияти ин ноҳияи баландкӯҳи вилоят дар заминаи амалӣ намудани ҳадафҳои муҳиму стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ гомҳои устувор мегузоранд. Дар баробари кашфи захираҳои зеризаминӣ ва бунёди корхонаи коркарди маъдан дар назди ин конҳо ҳамчунин дар чанд сол охир дар маркази ноҳия ва деҳоти дуру наздик даҳҳо корхонаҳои хурди бофандагию ресандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, коргоҳҳои ҳунармандӣ бунёд гардиданд. Корхонаи дӯзандагии «Салтанат» аз ҷумлаи онҳост. Занону духтарон қишри фаъоли ҷомеа мебошанд ва бе ҳузури онҳо ҷомеа пеш намеравад. Аз ин рӯ Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ҳамеша мекӯшад, ки барояшон шароит фароҳам оварад, то онҳо дониш, ҳунару маҳорат ва таҷрибаи худро дар амал татбиқ карда тавонанд».

Яке аз дӯзандагони ин корхона Мунира Маматемурова бо изҳори сипос аз Пешвои миллат иброз дошт, ки «дар ин корхона мо на танҳо фаъолият мекунем, балки фориғ аз кор бо ҳам суҳбат карда, аз зиндагии ҳамдигар бохабар мешавем, дар бораи навигариҳои ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ маълумоти зарурӣ мегирем. Роҳбарият барои мо, дӯзандагони ҷавон дар шаҳри Хоруғ даври омӯзишии даҳрӯза баргузор намуда, ба мо тарзи истифодаи мошинаҳои муосир ва намудҳои гуногуни дӯхти либосҳои расмию анъанавиро ёд доданд. Кӯшиш мекунем, ки минбаъд ба сокинони ноҳия либосҳои зебову шинам пешкаш намоем».

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб Сафаргул Мубаширова гуфт, ки «ин нахустин корхонаи муосири дӯзандагӣ дар ноҳия аст. Бо фароҳам омадани шароит чунин корхонаҳо дар маркази дигар ҷамоатҳои ноҳия низ бунёд карда мешаванд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Қатар барои сарфа ва тоза кардани об технологияҳои нав истифода мебарад
РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон 8 намуди навъи нави писта ва чормағз парвариш карда мешавад
Дар Шветсия бузургтарин ҷаҳиши солонаи нархи ғизо дар 70 соли охир ба мушоҳида расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад
Моҳи март дар осмон якбора чанд сайёраро дидан мумкин аст
Зарари умумии заминларзаи Туркия аз 105 миллиард доллар гузашт
«МАЛИКАИ НАВРӮЗ — 2023». Дар Кӯлоб озмуни вилоятӣ доир карда шуд
Дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии вакилони палатаи поёнии Парлумон ба анҷом расид
Муҳаққиқон хабар доданд, ки ба истеҳсоли қаҳва тағйирёбии иқлим таҳдид мекунад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон ба амал меояд