Дар Остона имконоти содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуданд

Январь 21, 2023 11:50

ДУШАНБЕ, 21.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо раиси Идораи ҶС «Ширкати суғуртавӣ-содиротӣ «KazakhExport» Аслан Калигазин 19 январ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ имконоти содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ ва масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон инчунин логистика баррасӣ карда шуданд.

Таъкид бояд кард, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳиссаи он дар тиҷорати хориҷи бо Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои 11 моҳи соли 2022 19,6 фоизро ташкил медиҳад.

Акс: ВКХ ҶТ

Январь 21, 2023 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд