Дар Россия ният доранд аз баҳори соли 2023 даъвати шахсони то синни 30-соларо ба артиш оғоз намоянд

Январь 12, 2023 12:41

ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сардори  Кумитаи мудофиаи Думаи давлатии Федератсияи Россия Андрей Картаполов дар мусоҳиба бо «Парламентской газетой» иброз кард, ки дар давраи даъвати баҳории соли 2023 метавонанд шахсони то синни 30-соларо  ба артиш даъват намоянд. Ба гуфтаи ӯ, болоравии синни даъват марҳила ба марҳила зиёд шуда, аз як то се солро дарбар мегирад.

Ба гуфтаи ў, барои роҳандозии ин амал,  ворид кардани як қатор тағйирот ба қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла ба қонун «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» лозим аст.

Номбурда  ҳамчунин зикр кард, ки қабл аз оғози даъвати баҳорӣ ҳар як комиссариати ҳарбӣ бояд муайян намояд, ки чанд нафар бо талаботи нав ба қайд гирифта шудаанд.

Картаполов таъкид кард, ки агар  манзури   комиссариати ҳарбӣ 100 нафар аз синни  21 то 30-сола аст, ки адои хизмати ҳарбӣ накардаанду барои он асоси воқеӣ надоштанд,  аммо  супориши ҳарбӣ 200 нафар аст, пас нисфи онҳо шаҳрвандони 18-соларо ташкил дода, боқимонда русҳои аз 21 то 30-сола мебошанд.

Вакил тавзеҳ дод, ки ин таҷриба дар марҳилаҳои аввали гузаштан ба синну соли дараҷавии нав татбиқ мешавад. Вай ҳамчунин зикр кард, ки шаҳрвандони то 30-сола метавонанд дар давраи даъвати баҳории имсол ба комиссариатҳои ҳарбӣ раванд.

Қаблан, рӯзи 21 декабр вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу пешниҳод кард, ки ба тадриҷ синни даъват аз 18 ба 21 ва синни ҳадди ниҳоии даъват аз 27 то 30-солагӣ боло бурда шавад. Дар кадом муҳлатҳо синну соли даъват ба артиш тағйир меёбад, сардори раёсати мазкур дар суханронии худ мушаххас накард.

 АКС: foto-ram.ru

Январь 12, 2023 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид