Дар Русия ғолибони Озмун барои беҳтарин мақола бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Тоҷикистон муайян шуданд

Январь 28, 2023 18:36

ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рўзноманигори тоҷик Фарзона Муҳаммадиева аз шаҳри Екатеренбург ҷойи аввал, магистранти тоҷик Наргис Ёрова аз шаҳри Тюмен мақоми дуюм ва мухбири дигари тоҷик Камолиддин Каримов аз шаҳри Уляновск мақоми сеюмро дар озмуне, ки соли 2022 барои беҳтарин мақола бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия эълон гардида буд, сазовор гаштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шўрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

«Мақсад аз баргузории озмуни мазкур тарбияи ҳисси ватандўстӣ дар замири ҳар як ҳамватани бурунмарзии мо, ифтихор кардан аз Ватани аҷдодӣ — Тоҷикистони соҳибистиқлол ва арҷ гузотан ба фарҳангу таърихи қадимаи он мебошад», — таъкид карданд созмондиҳандагони озмун.

Тавре гуфта шуд, озмуни мазкур аз ҷониби Шўрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия соли 2022 миёни рӯзноманигорони тоҷики муқими Русия ва ҳамватанону донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлати иқомат таҳсил менамоянд, эълон гардида буд.

Тибқи иттилои комиссия, дар ин давра ба озмун мақолаҳои зиёде аз минтақаҳои гуногуни Русия аз ҷониби ҳамватанони мо ворид гардиданд. Аъзои комиссияи озмун беҳтарин мақолаҳоро вобаста ба мазмуну муҳтаво, истифодаи саннаду ҳуҷҷатҳои таърихӣ, образҳои тасвиршуда, истифодаи методология ва принсипҳои кори илмӣ муайян намуд.

Дар ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ки 26 январи соли равон дар Сафорат баргузор гардид, ба ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарият «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

АКС: Шўрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Январь 28, 2023 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд