Дар вилояти Хатлон амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони нодир» идома дорад

Январь 24, 2023 09:15

ДУШАНБЕ, 24.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони нодир» оғоз гардида, имрўзҳо ҷараён дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон.

Тавре масъули бахши матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон Офоқ Қодириён изҳор дошт,  баробари ба амал омадани сардии номувофиқи ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои биотехникӣ гузаронида шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар доманакӯҳҳои минтақаи ноҳияи Муъминобод дар сардиҳои рўзҳои охир 50 кг гандум, 50 кг ҷав ва 200 кг бедаи хушк пошида шуд.

Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти нодир ва парандагон аз сармои зимистон шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кўлоб дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва бахши муҳити зист дар минтақаҳои Муъминобод ва Ховалинг, ки мавзеъҳои  сардтарин ба ҳисоб мераванд, корҳои биотехникӣ гузаронида  истодаанд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон

Январь 24, 2023 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад