ДЗЮДО. Доварони тоҷик дарсҳои такмили ихтисос гузаштанд

Январь 9, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир барои баланд бардоштани маҳорати доварони ҷумҳурӣ 7-8 январ дарсҳои такмили ихтисос ташкил карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Дарсҳо бо раҳбарии довари дараҷаи байналмилаӣ Рамзӣ Шамиров ва раиси Кумитаи доварони Федератсия Зариф Назриев доир гардиданд, ки онҳо аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буданд.

Дар ФДТ таъкид намуданд, Президенти Федератсияи дзюдо Исмоили Маҳмадзоир ният дорад дар дарсҳои такмили ихтисосии доварон дар  оянда  доварон ва сардоварони хориҷиро  ҷалб намояд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Январь 9, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад