ДЗЮДО. Панҷ варзишгари тоҷик барои тамрин ба шаҳри Миттерсили Австрия мераванд
ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дастаи мунтахаби кишвар оид ба дзюдо аз 9 то 16 январ дар шаҳри Миттерсили Австрия бо беҳтарин варзишгарони Аврупо ба тамрин фаро гирифта мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён, Обид Ҷебов, Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев ва Беҳруз Хоҷазода барои тамрин дар аввалин ҷамъомади таълимии байналмилалӣ дар Миттерсилл шомил шуданд.
Ҷамъомади таълимии ҳамасола аввалҳои моҳи январ дар Австрия баргузор мешавад. Ҳар сол зиёда аз 600 нафар варзишгарон аз зиёда аз 45 кишвар ба Миттерсилл меоянд.
Ёдовар мешавем, ки президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар доираи сафари корӣ ба Аврупо чанд созишнома ба имзо расонид.
Тибқи яке аз ин созишномаҳо дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аввали моҳи январи соли 2023 барои тамрин ба шаҳри Миттерсили Австрия сафар мекунад.
«Барои тамринҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон президенти Федератсияи дзюдо барои соли 2023 ва солҳои оянда мураббиёни ботаҷрибаи ҷопониро ҷалб кардааст, то дзюдочиёни мамлакат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои зарурӣ ҷамъ оваранд», — тазаккур доданд дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Ҳамзамон барои таъмини раванди тиббӣ-биологии тайёрии варзишгарони дастаи мунтахаб мутахассисони тиббии варзиш ҷалб карда мешаванд.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






