Россия ва Эрон метавонанд ба ҳисоббаробаркуниҳо бо арзи маҷозӣ (криптовалюта) гузаранд

Январь 17, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бонки марказии Эрон имконияти интиқоли ҳисоббаробаркуниҳои савдои хориҷӣ бо Россия тавассути арзи маҷозӣ (криптовалюта) баррасӣ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора «Ведомости»  бо истинод ба Директори иҷроияи Ассотсиатсияи Россия оид ба криптоиндустрия ва блокчейн Александр Бражников иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, асъор бо тилло таъмин хоҳад шуд, яъне гап дар бораи таъсиси ба истилоҳ стейблкоин меравад. Ба нақша гирифтаанд, ки онро ба ҷои доллар, рубл ва риёли эронӣ ҳамчун воситаи пардохт истифода баранд.

Бражников ҳамчунин ёдовар шуд, ки имсол минтақаи махсуси иқтисодии Астрахан ба қабули бор аз Эрон шурӯъ хоҳад кард. Ин ҳолат метавонад ёрдами хубе барои ҷорӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои арзи маҷозӣ гардад.

Музокирот миёни Россия ва Эронро узви кумитаи сиёсати иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва алоқаи Думаи Россия Антон Ткачёв низ тасдиқ кард.

Ӯ афзуд, ки пули рақамӣ нисбат ба системаи SWIFT бартарӣ дорад, аммо ин ташаббус дар сатҳи давлатӣ замоне баррасӣ хоҳад шуд, ки дар Россия истифодаи арзи маҷозиро иҷозат диҳанд.

Зикр мешавад, ки Эрон дар ин замина кишвари хеле пешрафта аст: аввалин фармоиши воридоти мол бо арзи маҷозӣ моҳи августи соли 2022 ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамчунин ба ин кишвар тақрибан 5% истихроҷи пули рақамии ҷаҳонӣ рост меояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз сомонаи telmenews.ru

Январь 17, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид