Федератсияи дзюдои Тоҷикистон саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дубора фаъол кард

Январь 3, 2023 15:27

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи дзюдои Тоҷикистон (ФДТ) аз дубора фаъол намудани саҳифаҳои расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук — (Tajikistan Judo Federation), Инстаграм – (tajikjudo) ва Ютуб — (tajikjudo) хабар дод. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон иттилоъ доданд, вақтҳои охир дар  шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Федератсия хабарҳо дар бораи кушодани саҳифа ва паҳн намудани маълумоти нопурра ва бардурӯғ ба чашм мерасанд.

«Ба маълумоти ҳаводорон ва мухлисони дзюдо мерасонем, ки саҳифаҳои расмии Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон дар Инстаграм бо номи TAJIKJUDO, дар Фейсбук  бо номи TAJIKISTAN JUDO FEDERATION ва дар Ютуб TAJIKJUDO  фаъолият мекунанд», — таъкид намуданд дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар ФДТ зикр намуданд, ки маълумоти бештар ва хабарҳои расмиро мухлисон ва ВАО метавонанд инчунин аз сомонаи расмии Федератсия дар суроғаи www.judo.tj дастрас намоянд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Январь 3, 2023 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад