Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Анҷумани мураббиёни дараҷаи «А»-и КФО шомил шуд

Январь 12, 2023 09:10

ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба Анҷумани мураббиёни дараҷаи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шомил шуд. Ин дастовард натиҷаи  кори фаъолонаи департаменти  техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба тайёр кардани мураббиёну дастурдиҳандаҳо мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Федератсия бо шомил шудан ба ин анҷуман ҳамакнун ҳуқуқ дорад, ки мустақилона бидуни ҷалби устодони хориҷӣ дар кишвар барои довталабони иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «А» бурсҳои омӯзишӣ гузаронад. Инчунин мураббиёни Тоҷикистон метавонанд аз рӯйи дипломҳои инҷо гирифтаашон дар кишварҳое, ки анҷумани КФО-ро қабул кардаанд, кор кунанд.

«Мо ба департаменти техникӣ ва шуъбаи таълими мураббигариии Конфедератсияи футболи Осиё барои кӯмаку дастгирии доимӣ дар рушди футболи Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Федератсияи мо ба рушди таълими мураббигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва тасдиқшавии анҷумани мураббигии мо дар сатҳи «А» бидуни дастгирии КФО имконнопазир мешуд», – гуфт Фурқат Аҳмедҷонов, дабири кулли ФФТ.

Қобили зикр аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон нақша дорад, то соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои довталабони иҷозатномаи «Pro» бурсҳои мураббигӣ роҳандозӣ намояд.

Акс: ФФТ

Январь 12, 2023 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд