ФУТБОЛ. Муаррифии расмии Роналду дар дастаи нав пас аз ЧҶ-2022 доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дирӯз, 3 январ, маросими муаррифии футболбози португалӣ Криштиану Роналдуро доир намуд. Дастаи футболи Арабистони Саудӣ бозигари португалиро расман бо ҳузури 25 ҳазор тамошобин дар Риёз муаррифӣ кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sportexpress иттилоъ медиҳад, Криштиану Роналдуро фарзандон ва ҳамсари ояндааш Ҷорҷина Родригес ҳамроҳӣ карданд, ки ба нишони эҳтиром ба дини ислом ҳиҷоб пӯшида буд.
Муаррифӣ дар варзишгоҳи шоҳзода Файсал бин Фаҳд дар Ар-Риёз баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналдуи 37-сола бо «Ал-Наср» шартномаи дусола имзо кард. Тибқи ин шартнома Роналду дар дастаи «Ал-Наср» дар як сол 200 млн евро даромад карда, дар таърихи футбол бозигари дорои баландтарин музди маош мегардад.
АКС: twitter.com/AlNassrFC_EN








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






