ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон ба Чемпионати CAFA-2023 дар шаҳри Душанбе омодагӣ мебинад

Январь 16, 2023 10:48

ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Душанбе бо мақсади омодагӣ ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» дар як рӯз ду маротиба машқ дорад. Дар айни замон дар ҳайати дастаи мунтахаб 17 бозингар қарор доранд.

Дар Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал, ки аз 25 то 31 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон рақобат мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо»);

Бозигарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Марҷона Саидова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Зулайхо Сафарова, Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода, Меҳрангез Шарипова (ҳама аз «Хатлон»), Комила Расулова (МВЗО №27 «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Акс: ФФТ

Январь 16, 2023 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд