ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 иштирок мекунад

Январь 7, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ширкат мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Шаҳри  Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  чемпионати дуюми CAFA миёни дастаҳои мунтахаби футзали занонаро мизбонӣ мекунад. Бозиҳо аз 25 то 31 январ доир мешаванд. Дар он  дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон барои медалҳо  миёни ҳам  мубориза мебаранд.

Тибқи низомнома, чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни бонувон аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад ва дар он ҳар даста бо ҳамдигар як бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ғолиби якуми мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби  футзали занона  дастаи мунтахаби Эрон аст, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе медалҳои тилло ба даст оварда буд.

Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни бонувон

Иштирокчиён: Узбекистон, Эрон, ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон.

Замон – 25-31 январ.

Макон – Тошканд, Узбекистон.

                                                                                                                Акс: ФФТ

Январь 7, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд