ҲИФЗИ ДАРАХТОН ДАР САРМО. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тавсияҳо пешниҳод мекунад

Январь 19, 2023 15:20

ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барфи фаровоне, ки дар қаламрави кишвар борид, сабаби сардиву сармои бесобиқа шуд ва ҳоло дар кӯчаву хиёбон дарахтони сарафканда аз барфи вазнинро дидан мумкин аст. Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тавсияҳоро ба хотири ҳифзи дарахтон дар зимистон пешниҳод мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дарахтони ҳосилдеҳро сафед кардан зарур аст

Сафедкунӣ дарахтонро аз чунин омилҳои зараровар, ба монанди гармо ва сармо муҳофизат мекунад. Дар ҳолати аввал, ранги сафед қисми нурҳои Офтобро дар фасли зимистон инъикос мекунад. Ин намегузорад, ки решаи дарахт ба шиддат гарм шавад ва дар сардӣ ях кунад. Танаи сафедшуда инчунин пӯстро аз кафидан дар ҳавои сард муҳофизат мекунад. Ва сафедкунӣ пайдоиши шабнамро пешгирӣ мекунад.

Дарахтонро то баландии 1,5 метр бояд сафед кард. Муҳим он аст, ки оҳакро зиёд ба танаи дарахт намоланд, зеро он метавонад пӯсти дарахтро сӯзонад.

Барфи шохаҳои дарахтонро тоза кардан хуб аст

Барф дар шохаҳои дарахтон на танҳо манзараи зебост, балки қабати барф метавонад барои шохаҳо хатарнок бошад, зеро он бо мурури замон вазнин мешавад.

Дар натиҷа шохаҳо метавонанд аз вазни гарон шикананд. Барои барфро аз шохаҳо резондан шумо бояд ҷорӯби дастадор ё чӯбчаи дарозро гиред. Бо ҳаракатҳои нарм қисми зиёди барфро аз шохаҳо афтонед. Ва баъдан метавон бо  такон додани дарахт ва ё шохаҳо барфҳои боқимондаро низ резонд. Агар ин корро анҷом надиҳед, барфи обшуда ях мебандад ва ба дарахт зарар мерасонад.

Доираи наздик ба пояи дарахтро гарм кардан даркор аст

Барои он ки  решаи дарахт аз сармо намирад, доираи наздик ба пояро то баландии аз 20 то 30 см ва қутри қариб 1 метр хокпӯш бояд кард. Хок на танҳо реша, балки пояи асосиро аз сармо ҳифз мекунад.

Дарахтони ҳосилдеҳи ҷавонро пӯшондан ба манфиати кор аст

Мо бояд гарм кардани дарахтони мевадиҳандаро фаромӯш накунем. Бо фарорасии зимистон беҳтар аст, ки онҳоро бо шахчаҳои арча, баргҳои афтода, хоку намад ва ғайра пӯшонем.  Бояд гуфт, ки ҳангоми сармои сахт ҳарорати решаи дарахтон поинтар аз 4-6 дараҷа мешавад. Истифодаи коҳу хаспораҳо чун масолеҳи пӯшанда маслиҳат нест. Зеро мушҳо ва калламушу дигар ҳайвонҳои хоянда ин маводро ба зудӣ ба хонаҳои худ мекашанд.

Ҳангоми дарахтшинонӣ дар фасли зимистон бояд бештар ботаваҷҷуҳ буд, зеро танҳо риояи қоидаҳои агротехникии ниҳолшинонӣ метавонад гарави серҳосилии дарахтони шумо бошад.

АКС: КҲФ ва МГ

Январь 19, 2023 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад