Имрӯз дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштин оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2023 оид ба гӯштин (тарзи озод ва юнони — румӣ) байни калонсолон баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо байни гӯштингирони тарзи озод доир мегардад. Рўзи дигар, 29 январ барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ гўштингирони тарзи юнонӣ -румӣ ба майдон мебароянд.
Чемпионати мазкур дар доираи «Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ» баргузор мегардад. Ғолибон ва беҳтарин гўштигирони чемпионат имкони шомил шудан ба дастаи миллии Тоҷикистонро пайдо менамоянд.
Дар ин мусобиқа барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 оид ба гўштини тарзи озод дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, собиқ мураббии дастаҳои мунтахаби Полша ва Руминия Юсуф Абдусаломов, ки барои роҳбарии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳайси меҳмон иштирок менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






