Имрӯз дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштин оғоз мегардад

Январь 28, 2023 10:37

ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2023 оид ба гӯштин (тарзи озод ва юнони — румӣ) байни калонсолон баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рӯзи аввали чемпионат  қувваозмоиҳо байни гӯштингирони тарзи озод доир мегардад. Рўзи дигар, 29 январ барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ гўштингирони тарзи юнонӣ -румӣ ба майдон мебароянд.

Чемпионати мазкур дар доираи «Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ» баргузор мегардад. Ғолибон ва беҳтарин гўштигирони чемпионат имкони шомил шудан ба дастаи  миллии Тоҷикистонро пайдо менамоянд.

Дар ин мусобиқа  барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 оид ба гўштини тарзи озод дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, собиқ мураббии дастаҳои мунтахаби Полша ва Руминия Юсуф Абдусаломов, ки барои роҳбарии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳайси меҳмон иштирок менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 28, 2023 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад