Интихоботи навбатии президентӣ дар Россия бо иштироки Владимир Путин мегузарад

Январь 16, 2023 12:43

ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кремл сенарияҳои гуногуни интихоботи президентии соли 2024-ро таҳия мекунад, блоки сиёсии дохилӣ бар он аст, ки президент Владимир Путин дубора ба мақоми сарвари давлат пешбарӣ мешавад, овоздиҳӣ тибқи нақша сурат мегирад, менависад рӯзномаи «Коммерсантъ» бо истинод ба манбаъҳо.

Ҳамсуҳбатони рӯзнома илова карданд, ки Кремл овоздиҳии дарпешистодаро маҳз бо сенарияи иштироки Путин дар интихоботи пешбинишуда бо коршиносон баррасӣ намуд. Яке аз манбаъҳои рӯзнома таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки пеш аз маъракаи президентӣ моҳи сентябри соли равон интихоботи минтақавӣ баргузор мешавад — на кам аз 20 субъекти кишвар бо овоздиҳии мустақим роҳбаронро интихоб мекунанд ва дар 16-тои дигар интихобот ба маҷлисҳои қонунгузор доир мегардад. Ба гуфтаи ӯ, чунин ҷадвал имкон медиҳад, ки ғояҳои пурмазмуни маърака санҷида шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки интихоботи навбатии президентӣ дар Россия 17 марти соли 2024 таъйин шудааст. Интизор меравад, ки маъракаи интихоботӣ моҳи декабри соли 2023 оғоз гардад.

Қаблан президенти ин кишвар изҳор дошта буд, ки маҳз мавҷудияти ҳуқуқи интихоб шудани ӯ барои давраи нав вазъро дар Россия ба эътидол меорад. Аммо ӯ зикр кард, ки то ҳол дар мавриди пешбарии номзадиаш ба интихоботи соли 2024 тасмим нагирифтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 16, 2023 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид