IRS: Дар роҳи Душанбе-Чанок ба ҳаракати мошинҳои боркаш иҷозат дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи «Душанбе — Чанок» таъмин карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта дар роҳи «Душанбе – Чанок» бар асари бориши пуршиддати барф дар чанд қитъа, аз ҷумла дар километри 156 тарма фаромад.
Вобаста ба ҳолати баамаломада гузариши фура ва мошинҳои боркаши ядакдор дар ин роҳ муваққатан маҳдуд гардид.
Аз ҷониби кормандони ширкат доир ба ҳолати мазкур ба таври фаврӣ тадбир андешида шуда, дар муддати кӯтоҳ тармаҳо бартараф гардиданд.
Дар айни замон дар масири мазкур ҳаракати нақлиёт пурра иҷозат дода шудааст.
АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






