ИСТЕҲСОЛИ 21 МИЛЛИАРДУ 399,5 МИЛЛИОН КВТ-СОАТ НЕРУИ БАРҚ. Соли 2022 дар низоми энергетикии Тоҷикистон баландтарин нишондиҳанда ба даст омад

Январь 30, 2023 15:56

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соле, ки сипарӣ гардид, Тоҷикистон 21 миллиарду 399,5 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти  низоми энергетикии мамлакат мебошад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ иброз намуд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат гуфт, ки ин омор нисбат ба соли 2021  775,7 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 103,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нишасти мазкур таъкид гардид, ки моҳи марти соли гузашта  дар доираи татбиқи  20 лоиҳаи  давлатии сармоягузории соҳаи электроэнергетика  агрегати 3-юми  Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»  ва моҳи октябри соли 2022 агрегати якуми  НБО «Норак» баъди таҷдид расман ба истифода дода шуданд. Дар маросими ба истифода додани он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Дар ин давра инчунин зеристгоҳҳои барқии «Рӯдакӣ» бо иқтидори  100/10 кВ  дар ноҳияи Восеъ, «Вознавд 110/35/10кВ»    ва «Даштаки Ванҷ 110/35/10» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мавриди истифода қарор дода шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»   

Январь 30, 2023 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид