Истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард боиси дилбеҳузурии 48 нафар сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мавҷудияти аз ҳад зиёди равғани зард ҳангоми истеъмоли таоми қурутоб 24 январ боиси сироятёбии 48 сокини деҳаи Чагани нави ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон гардид. Хушбахтона, натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон дод, ки шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд. Танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии онҳо гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Тибқи супориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, сармутахассисони соҳавии вазорат аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 24 январ, соати 08:00-и субҳ пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб 48 нафар аз сокинони деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигар дар Беморхонаи ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ карда шуданд.
Ба иттилои масъулин, ҳангоми ворид шудани маризон ба беморхонаҳо ҳолати онҳо нисбатан қаноатбахш арзёбӣ карда шуд. Хушбахтона, дар байни онҳо беморони вазнин набуд.
Беморон як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, 25 январ дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Онҳо дар айни замон таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






