КҲФ ва МГ: Дар Тоҷикистон роҳҳо кушода ва ҳаракати нақлиёт таъмин аст
ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 январи соли равон дар километри 22 мавзеи пули Ҷизевди Ҷамоати деҳоти Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тахминан соати 19:45 бар асари фаромадани тарма роҳи аҳамияти маҳаллидошта муваққатан баста гардид. Барои корҳои бартарафкунӣ 1 адад техникаи муҳандисӣ сафарбар шуд ва соати 16:30-и 12 январ самти роҳ аз тарма тоза гардида, ҳаракати нақлиётҳо таъмин шуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ҳамзамон тибқи маълумоти навбатдори ширкати IRS шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, 12 январ, соати 17:30 дақиқа дар ин масир аз ҳарду самт барои нақлиётҳои боркаши калон роҳ маҳкам гардида, барои дигар намуди воситаҳои нақлиёт кушода мебошад.
Тарве қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштанд.
Барои бартараф кардани паёмадҳои лағзиши тарма техникаи ширкати роҳи IRS ва Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб карда шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои он идома доранд.
Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба навбатдории шабонарӯзии худ ҷиҳати таъмини амнияти ронандагону мусофирон ва расонидани ёриҳои аввалия дар сурати рӯбарӯ шудани онҳо ба мушкилот идома медиҳанд.
Ҳамзамон Кумита ҳамоно аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






