Кӯлоб ва Данғара дар соли 2022 беҳтарин шаҳру ноҳия дар вилояти Хатлон дониста шуданд

Январь 11, 2023 09:09

ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ба муносибати 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин, оила, кадбону ва хонаи беҳтарин гузаронида шуданд. Дар натиҷаи ҷамъбаст Кӯлоб ғолиби озмуни вилоятӣ дар номинаи «Шаҳри беҳтарин» ва Данғара дар номинаи «Ноҳияи беҳтарин» дар соли 2022 дониста шуда, бо Диплом ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Ғолибони мазкур 10 январ зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022 аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вазияти тантанавӣ супорида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Зикр гардид, ки ҳамасола бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳот озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин, оила, кадбону ва хонаи беҳтарин бобати гиромидошти арзишҳои миллӣ, ташвиқу тарғиб ва дастгири намудани таҷрибаи пешқадам, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва ҳавасмандгардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ дар сатҳи вилоят доир гардида, дар ҷамъбасти ҳар сол ғолибони озмуни вилоятӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Дар соли 2022 шумораи умумии иштирокчиёни озмун дар ҳудуди вилоят 2 миллион нафарро ташкил дода, 1570 деҳаю маҳалла, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот, 465 оила, 513 кадбону аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи дуюми он ширкат варзиданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Январь 11, 2023 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд