Комиссияи олии аттестатсионӣ: «Имрӯз Тоҷикистон ба олимони пурмаҳсулу фидокор, беш аз ҳарвақта, ниёз дорад»

Январь 23, 2023 15:25

ДУШАНБЕ, 23.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ вазорату ниҳодҳои дахлдорро баҳри  амалӣ сохтани табдирҳо оид ба  «…васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисиони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ» ҳидоят намуданд. Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки нақши дастовардҳои илмии олимони мамлакат  дар пешравии иқтисодиёти миллӣ чандон назаррас нест. Бинобар ин, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назаррас набудани ҳиссаи олимон дар пешбурди иқтисодиёти ҷумҳурӣ  изҳори нигаронӣ карданд. Ин матлабро Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким РОЗИҚЗОДА дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст, баён доштааст.

Номбурда дар идомаи матлаб чунин изҳор назар кард:

Дар ҳақиқат, таҳлилу хулосабарорӣ ва бардоштҳо аз таҳқиқоти диссертатсионии олимон нишон медиҳад, ки таҳқиқоти илмӣ аз бисёр лиҳоз ба беҳбудӣ ниёз доранд. Аксарияти мавзуъҳо, таҳқиқоти анҷомдодашуда аз мубрамӣ дур буда, ҷанбаъҳои илмиашон хеле заифанд. Дар баъзе шуроҳои диссертатсионӣ ба ин тарафи масъала кам аҳаммият дода, диссертатсияҳои хому номукаммалро бидуни муҳокимаи ҷиддӣ ва ҳамаҷониба ба ҳимоя роҳ медиҳанд. Роҳбарони илмӣ ба шогирдон ва корҳои диссертатсионии онҳо кам таваҷҷуҳ намуда, навиштаҳояшонро бодиққат намехонанд, серталабӣ зоҳир намекунанд.

Президенти мамлакат даъват намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон  фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилотӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

Воқеан, Президенти мамлакат аз олимони тоҷик  интизории бештаре доранд, зеро сатҳу савияи таҳқиқоти илмӣ дар ҷумҳурӣ  ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Имрӯз фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баҳогузории таҳқиқоти диссертатсионии олимони ҷумҳурӣ иртибот дорад. Мутаассифона, бояд гуфт, ки аз таҳқиқоти диссертатсионии дар шўроҳои диссертатсионӣ ҳимояшшаванда (рисолаҳои илмии докторӣ ва номзадӣ) ҳанӯз таҳқиқоти илмии дорои дастовардҳои беназир, ки илми ватанӣ аз он ифтихор карда, миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд, ба майдон наомадааст.

Алҳол дар назди Комиссия 70 шўроҳои диссертатсионӣ амал мекунанд, ки аз рӯйи зиёда аз 169 ихтисос диссертатсия қабул карда метавонанд. Зиёда аз ин, аз рӯйи он ихтисосҳое, ки дар мамлакат бо сабаби нарасидани мутахассисон имконияти таъсиси шўрои диссертатсионӣ нест, Комиссия метавонад дар шўроҳои диссертатсионии амалкунандаи ҳамҷавор барои довталабони чунин ихтисосҳо ҳимояи якдафъаина ташкил намояд.

Мутаассифона, баъзе олимон мавҷудияти «ВАК»-и миллиро як навъ омили осонию сабукбории ҳимояи диссертатсияҳо қабул кардаанд, ки ин мутлақо ғалат аст. Илм, дастовардҳои нави илмӣ дар куҷое, ки набошад, кори саҳлу сода нест ва он меҳнату машаққат, бедорхобиҳою аз худ гузаштанҳоро дар пай дорад.

Ба таъсиси  «ВАК»-и миллӣ Президенти муҳтарами мамлакат мушкилоти сарсонию саргардонии ҷавонони илмдӯсти миллатро ҳаллу фасл намуданд, вале ҳаргиз ин маънои онро надорад, ки корҳои таҳқиқоти илмии бебунёду камарзиш ба шўроҳои диссертатсионӣ роҳ ёфта, бо ҳар роҳу василаи осон аз ҳимоя гузаранд.

Баръакс, таҳқиқоти диссертатсионии ҷавонон бояд ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаллу амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат равона шуда бошанд.

Ҳарчанд аз ҷониби Комиссия борҳо таъкид мегардад, ки ба сифати таҳқиқоти диссертатсионӣ мавзуъҳои мубрам, муносиб ба рушди иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии мамлакат интихоб карда шаванд, вале ҳамоно ба Комиссия диссертатсияҳое ворид мешаванд, ки ба ниёзҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ нестанд.

Дар ин раванд баъзан олимони мо дидаю дониста, ба саҳлангорӣ, шитобкорӣ ва баъзан ба сохтакорӣ ҳам даст мезананд, диссертатсияҳоро дуруст ва то охир таҳлил намекунанд. Шўроҳои диссертатсионӣ гоҳе хунукназарӣ карда, таҳқиқоти хому камарзишро ҷиддӣ муҳокима намекунанд ва ба ҳимояи онҳо иҷозат медиҳанд.

Олимон бо шогирдонашон он масъалаҳои мубрамеро, ки  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ишора карданд, бояд мавриди пажуҳиш қарор диҳанд. Ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дар лобалои муборизаҳои геополитикии абарқудратҳо, бархурди пуршиддати тамаддунҳо, ҷангҳои иттилоотию мафкуравӣ ва дар ин шароит ҳифз намудани фарҳанги пурғановату арзишҳои миллӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву экстремистӣ, таъсири мусбату манфии ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷомеа, иқтисодиёти сабзу рақамӣ, энергияи бозтавлидшаванда, гармшавии иқлиму таъсири он ба инсон ва табиат, ҳифзи пиряхҳо ва даҳҳо мавзуъҳои мубраме мавҷуданд, ки пажуҳишгарони худро интизоранд. Вале афсӯс, ки олимони мо камҳавсалагӣ намуда, ба ин мавзуъҳо камтар рӯ меоваранд. Гоҳе таҳқиқоти диссертатсионие ба Комиссия ворид мешавад, ки бо асосҳои конститутсионии давлат мухолифат карда, омили сулҳу суботи ҷомеа нестанд ва дар онҳо ангезаҳои тарғибу ташвиқи мазҳабию динӣ бештар мушоҳида мегардад. Ҳоло он, ки илм бояд ба таҳқиқоти дунявӣ ва бунёдӣ такя карда, ба қувваи истеҳсолкунанда табдил ёбад, яъне муҳаррике гардад, ки ҷомеаро ба пеш бурда, зиндагии хубу шоистаеро барои мардум пешкаш менамояд. Рисолати илму олимони  мо  бояд чунин бошад.

Яке аз масъалаҳои дигари мубрам, ки Президенти мамлакат дар Паёмашон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, ин ба зинаҳои гуногуни таҳсил фаро гирифтани занону бонувон буд.

Дар 21 соли охир, — баён шуд  дар Паём — беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон зинаҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Инчунин, бояд илова кард, ки аз теъдоди умумии 5294 дорандагони дараҷаи илмӣ 1453 нафарашон (27%) занҳо буда, 128 нафари онҳо (15% аз ҳиссаи умумии докторон) докторҳои илм мебошанд. Танҳо дар 4 — 5 соли охир дар шуроҳои диссертатсионии «ВАК»-и миллӣ 394 нафар занону бонувон бомуваффақият рисолаҳои илмӣ ҳимоя карда, аз онҳо 15 нафар соҳиби дараҷаи доктори илм, 355 нафар сазовори дараҷаи номзади илм ва 24 нафари дигар соҳиби дараҷаи доктор PhD шудаанд. Аз ин шумора 47 нафар дар самти илмҳои дақиқу техникӣ, 91 нафар дар самти илмҳои тиббӣ — биологӣ ва 256 нафар дар самти илмҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ диссертатсия ҳимоя намудаанд. Ба баёни дигар, аз теътоди умумии занҳое, ки рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд, 12% ба самти илмҳои дақиқу техникӣ, 23% ба самти илмҳои тиббӣ — биологӣ ва 65% ба самти илмҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ рост меояд.

Мавриди зикр аст, ки аз миқдории умумии рисолаҳои илмии дар «ВАК»-и миллӣ ҳимояшуда 14% диссертатсияҳои докторӣ, 30% диссертатсияҳои номзадӣ ва 27% доктор PhD ба занҳо иртибот дорад. Вале ин теъдод ҳанӯз кифоя нест.

Имрӯз дар иқтисоди миллӣ бисёр соҳаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо кадрҳои баландихтисосу дорои дараҷаҳои илмӣ ё намерасанд ё ангуштшуморанд. Ихтисосҳое мавҷуданд, ки дар онҳо мо тамоман мутахассис надорем. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакатро зарур аст, ки сари ин масъалаи ҷиддӣ андеша намоянд. Маҳз ҳамин нуктаи муҳимро ба инобат гирифта, Сарвари  давлат дар Паёми имсола ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд: «… вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд».

Дигар масъалае, ки дар Паём ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид, ин соҳаи тандурустӣ ва тайёр кардани кадрҳои ин соҳаи муҳимми иҷтимоии ҷумҳурӣ  буд.

Президенти мамлакат  таъкид намуданд, ки моҳи июли соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид ва барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он навсозии муассисаҳои мавҷуда, бунёди муассисаҳои нави замонавӣ ва бо техникаю таҷҳизот ва технологияҳои муосир ҷиҳозонидани онҳо ниҳоят зарур мебошад.

Дар Паём баён  гардид, ки дар самти пешгирии баъзе бемориҳо ва табобати онҳо  дасторварду пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Дар баробари ин, Сарвари давлат  изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳарчанд дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 1 миллиард сомонӣ ва беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ба муассисаҳои тиббии кишвар дастрас шудааст  «…ҳанӯз ҳам масъалаи тарбияи кадрҳо, хусусан, дар колеҷҳои тиббии чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ мехоҳад».

Инчунин, дар Паём барҳақ таъкид шудааст, ки «…равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ мондааст…»  ва онҳо «…боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида дар маҷмуъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад».

Дар чунин шароит Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисосу олимони пурмаҳсулу фидокор, заҳматталабу ватандӯст ва дорои ҳисси баланди миллӣ беш аз ҳарвақта, ниёз дорад.

Президенти мамлакат дар Паёмашон таъкид намуданд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо: «…мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».

Пас, биёед, олимони азиз, ҷиҳати татбиқи амалии ҳидоятҳои Президенти маҳбуби мамлакат ҳиссагузор бошем ва ба наслҳои оянда кишвари ободу пешрафтаро ба мерос гузорем.

АКС: Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/манбаъҳои боз

Январь 23, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи эътирофи баробарарзиши дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 288 хонанда ифтитоҳ ёфт
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ФАРЗАНДОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМОЕМ! Имрӯз барои илму дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардидани онҳо тамоми шароит муҳайё гардидааст
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Душанбе озмуни забондонӣ идома дорад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва 7 донишгоҳи олии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши рушди робототехника доир шуд
БО КВОТАИ «ДУРАХШАНДАГОН»-МАШҲУР ДАР ҶАҲОН. Донишҷӯёни тоҷик бо таҳсили намунавӣ дар рейтинги аввал қарор доранд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти таҳсили олии касбӣ ва илм баррасӣ карда шуд
Роҳбарияти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон бо кормандони соҳаи маорифи минтақаи Кӯлоб мулоқот намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода