Коршиносони ИДМ масоили ҳамкориро дар соҳаи тандурустии аҳолӣ ва иттилоотонӣ оид ба ҳифзи саломатӣ баррасӣ карданд

Январь 25, 2023 11:47

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва ҷаласаи Шабакаи байнидавлатии институтҳои тандурустии ҷамъиятӣ ва иттилооти тандурустии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад, дар он намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.

Тибқи иттилои манбаъ, иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ ва кадриро баррасӣ намуда, Шӯрои роҳбарикунанда таъсис доданд ва  раиси Шабакаи институтҳоро интихоб намуданд. Ба масоили татбиқи Стратегияи «Саломатии аҳолии кишварҳои узви Иттиҳодди Давлатҳои Мустақил» таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда  шуд.

Мутаассифона, дар саросари ҷаҳон бемориҳои ғайрисироятӣ рӯ ба афзоиш доранд, ки тақрибан 70 фоизи ҳамаи ҳодисаҳои фавтро ташкил медиҳанд. Дар робита ба ин мониторинг ва таҳлили ноил шудан ба нишондиҳандаҳои миллии мақсаднок ҷиҳати татбиқи санади мазкур дар вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви Иттиҳод таҳти назорати махсус қарор дорад. Мавзӯи мазкур ба нақшаи корӣ дохил карда шудааст, ки аз рӯи натиҷаҳои он ба аъзои Шӯрои ҳамкорӣ оид ба тандурустии ИДМ гузориш пешниҳод карда мешавад.

Аъзои Шӯрои идоракунӣ Нақшаи кориро барои соли равон қабул карданд, дар зимн ба масъалаҳои таъмини кадрӣ оид ба дастгирии низоми тандурустӣ ва таҳсили муттасили тиббӣ, баланд бардоштани самаранокии ёрии аввалини тиббии санитарӣ ва якчанд самтҳои дигар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ҷаласаи навбатии коршиносон, ки дар он қаноатмандии шаҳрвандон аз кумаки тиббии дар кишварҳои узви ИДМ расонидашаванда  баррасӣ мегардад, моҳи феврал ба нақша гирифта шудааст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи иҷроияи ИДМ

Январь 25, 2023 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

СММ барои аз байн бурдани маҳдудияти таҳсил ва кори занони Афғонистон берун аз хона талош хоҳад кард
БОРИШИ БАРФ ШИМОЛИ ҲИНДУСТОНРО ПӮШОНД. Аз сабаби бориши зиёд хатҳои интиқоли барқ хароб шудаанд
COVID-19. СУТ дар бораи 13% афзоиш ёфтани фавт бар асари коронавирус хабар дод
Қазоқистон содироти пиёзро барои се моҳ манъ кард
Ҷон Керри мубориза бо тағйирёбии иқлимро ба Ҷанги дуюми ҷаҳон баробар кард
Дар Афғонистон беш аз 20 нафар қурбони сардиҳо шуданд
Россия ва Эрон метавонанд ба ҳисоббаробаркуниҳо бо арзи маҷозӣ (криптовалюта) гузаранд
Интихоботи навбатии президентӣ дар Россия бо иштироки Владимир Путин мегузарад
Аз моҳи декабр дар Чин бар асари COVID-19 тақрибан 60 000 нафар фавтиданд
ДАВЛАТҲОИ ҶАНУБ ДАР МАДДИ АВВАЛ ҚАРОР МЕГИРАНД. Сарвазири Ҳиндустон бар он аст, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ рушди иқтисоди ҷаҳониро дар асри XXI таъмин менамоянд
Дар Анталия бинобар тӯфон ба духтарони қадашон аз 160 см паст тавсия доданд, ки дар хона бимонанд
Reuters: ИМА ба Аврупои Шарқӣ танкҳои сершумор интиқол медиҳад