Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ соли гузашта 23 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дод

Январь 19, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе то 5 январи соли 2023 дар 209 ташкилоти ҳизбӣ 16 ҳазору 488 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид намудааст. Соли сипаришуда 23 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар «Маркази ҷумҳуриявии ғизо», МД «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи фонди манзил»-и МИҲД шаҳри Душанбе ва дар маҳаллаҳои воридшуда таъсис дода шуданд. Ин нуктаро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён зимни маърӯза «Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2023» дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода.

Дар  маҷлиси Кумитаи иҷроия раисони кумитаву ташкилоти ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Абдураҳим Шоҳиён таъкид кард, ки таъсиси ташкилоти ҳизбӣ дар меҳвари фаъолияти мо қарор дошта, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳамзамон музокирачиён фаъолияти кумитаро дар соли сипаригардида қаноатбахш ҳисобиданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оид ба омӯзиш ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода изҳори назар намуда, нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлатро дар самтҳои гуногун шарҳу тавзеҳ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

«Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт»,-иброз намуд И.Мирзозода.

Инчунин доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипосномаҳо ва ифтихорномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе супорида шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки нав ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

АКС: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Январь 19, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд