«КУРУШИ КАБИР»-ЛОИҲАИ НАВИ БАЛЕТ. Ба наздикӣ он дар Душанбе рӯнамоӣ мегардад

Январь 31, 2023 19:02

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Куруши Кабир» лоиҳаи нави балет, ки аз ҷониби Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии Тоҷикистон ва Институти санъати театрии ГИТИС-и Русия омода гардида истодааст, намоиш дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби маркази матбуоти театр Мастура Ғуломова иттилоъ дод.

Тавре қаблан хабар додем, моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода ва Ректори «Институти санъати театрии Русия – ГИТИС» Григорий Заславский, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санад ҳамкории тарафҳоро дар бахшҳои эҷодӣ ва таълимӣ танзим намуда, имкони табодули таҷриба, иштирок дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва ташкили лоиҳаҳои муштаракро пешбинӣ менамояд.

Композитори намоиши «Куруши Кабир» Ҳунарпешаи халқии Точикистон, Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода, муаллифи либретто — Нависандаи Халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон, рассом-таҳиягар — Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров, дирижёр — сардирижёри театр, маэстро Анвар Шоймуродов мебошанд.

Тавре директори театр Камолиддин Сайфиддинзода иттилоъ дод, «мо моҳи оянда аз Институти санъати театрии ГИТИС балетмейстер — таҳиягарро интизорем, ки ба аҳли эҷоди намоиши нави «Куруши Кабир» ҳамроҳ мешавад. Зиёда аз як сол аст, ки мо ин намоишро ба нақша гирифтаем. Қаблан ба омодасозии он балетмейстер аз Қазоқистон Дамир Уразимбетов ҷалб шуда буд, ки ба хореографияи умумӣ тобиши дурахшон бахшид. Ороиши саҳна ва либосҳоро аллакай дастаи ороишгарон ва корхонаи либосдӯзӣ омода карда истодаанд».

Роҳбари лоиҳа Камолиддин Сайфиддинзода мегӯяд, ки «мо композитсия байналмилалиро чун як хусусияти муҳими нахустнамоиши балети «Куруши Кабир» мебинем. Яъне, балет дар бораи қаҳрамони таърихии мо- Куруши Кабир дар якҷоягӣ бо мутахассисони ватанӣ аз ҷониби намояндагони кишварҳои дигар омода карда мешавад. Ин ғанисозии мутақобилаи арзишҳо, густариши фазои фарҳангӣ ва пешрафти раванди ҳамгироист, ки аз сиёсати “дарҳои кушод”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад. Бо шарофати ин сиёсати дуруст мо тамоми шароитро дорем, то бо ҳамкасбони хориҷиамон нақшаҳои дурахшонро амалӣ созем».

Қаҳрамони Куруши Кабир дар ин асар намунаи устувори иродаи қавӣ ва далерӣ буда, сарнавишти пур аз бархӯрдҳои драмавӣ дорад. Бесабаб нест, ки шахсияти лашкаркаши барҷаста насрнависон, муаррихон, рассомон, ҳайкалтарошонро ба ҷустуҷӯи эҷодӣ водор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Куруши Кабир ба нахустин империяи мутамаддини ориёие бунёд гузошт, ки то замони лашкаркашию кишваркушоиҳои Искандари Мақдунӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ назир надошт.

Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Эъломияи таърихии Куруш аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард.

Куруши Кабир бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфта буд. Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муқтадиру мутамаркази муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хати муштарак ва расму ойини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ

Январь 31, 2023 19:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёдгории таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор дили меҳмонони чиниро тасхир намуд
Дар Маҷлиси намояндагон «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Дар Ҳисор ғолибони Фестивал-озмуни сурудҳои ватандӯстона қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ИҚДОМИ НАКӮИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ташкил гардид
«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд
Сарбоз Ҳасани Назар: «Шароити муҳайëгардида дар қисмҳои низомӣ имкон дод, ки дониши худро сайқал дода, сазовори 70000 сомонӣ шавам»
Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд

Маводҳои таҳлилӣ