Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо таҷҳизоти озмоишӣ муҷаҳҳаз гардид

Январь 20, 2023 10:36

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 январ дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки Директори  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода маросими расмии супоридани таҷҳизоти озмоишӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Академия хабар доданд. 

Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф, мушоҳида ва назорати ҳолати коҳишёбии онҳо ва инчунин муайян намудани таркиби изотопӣ ва гидрологии оби пиряху кӯлҳо ва ҳавзҳои пиряхӣ таъсис дода шудааст.

Дар  маросими ба кор омода намудани таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” миёни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаи мазкур Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида,  барои минбаъд   вусъат бахшидани ҳамкории муфиду судманд ибрози андеша карда шуд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Илҳом Мирсаидзода аз ташаббусҳои наҷибу бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ёдовар шуда, ҳамзамон аҳаммияти эълон гардидани соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муфассал шарҳ дод. Зикр шуд, ки ташаббуси мазкур ба ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат менамояд.

Директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” профессор Абдулҳамид Қаюмов иброз намуд, ки  озмоишгоҳи мазкур баҳри  амалӣ намудани ташаббуси 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  ташкил гардида,  ба рушду тақвияти илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ такони нав мебахшад. Мавсуф гуфт, ки  бо дастгирии шуъбаи ҳамкории техникии АБНА таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ фаъол гардида, имконият медиҳад, ки минбаъд омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф бо тарзҳои инноватсионӣ  ба роҳ монда шавад.

Чунин  усули ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят кам буда, ба роҳ мондани он дар марказ  навоварӣ ва ҳамзамон сабаби пешрафти илми глятсиология ва инчунин тарзҳои нави ба роҳ мондани таҳқиқоти пиряхҳо ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур кормандони шуъбаи озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ ба муддати як моҳ дар Донишгоҳи Инсбруки Ҷумҳурии Австрия ҷиҳати аз худ кардани тарзҳои таҳқиқоти изотопии пиряхҳо таҷриба омӯхтанд.

Саидҷаъфар АШӮРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 20, 2023 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст