Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу дар Чин соҳиби чор медали тилло гардид

Январь 16, 2023 09:30

ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ варзишгари тоҷик Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Гуанчжои Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, соҳиби 4 медали тилло гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чемпионати мазкур аз 6 то 8 январ баргузор гардида, Меҳроҷ дар ду вазн — 80 кг аз намуди ҷиу-ҷитсу ва 82 кг аз намуди Гран- При баромад намуда, дар ду вазни мазкур соҳиби 4 медали тилло шуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Меҳроҷ Камоловро президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи кишвар Раҷабалӣ Турсунзода, дӯстону наздикон, ҳаводорон ва хабарнигорон пешвоз гирифтанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 16, 2023 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид