Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти деҳқонони шаҳри Турсунзода шинос шуд

Январь 16, 2023 15:39

ТУРСУНЗОДА, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шносоӣ бо фаъолияти деҳқонон, бахусус ангурпарварон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти полезӣ ба шаҳри Турсунзода сафар намуд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири мамлакатро олимони Акдемияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуда, вазъи воқеии боғҳо ва дигар зироати полезиро дар гармхонаҳо таҳлил намуданд.

Таъкид гардид, ки барфи чанд рӯзи охир ба ниҳолҳои ангур ва зироати полезии гармхонаҳо таъсири манфӣ нарасонидааст. Дастур дода шуд, ки ҳарорати гармхонаҳо мувофиқи меъёри зарурӣ нигоҳ дошта шавад ва таҳти назорати доимии мутахассисон қарор гирад.

Ҳамчунин ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва масъулини соҳа дастур дода шуд, ки фаъолияти фермаҳои мурғпарвариро таҳти назорат қарор диҳанд, то рӯзҳои сарморо бе талаф паси сар гарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 16, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад