«НАҚШИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Дар ин мавзўъ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Осорхонаи миллӣ дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»- таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар иртибот ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» конфронси илмӣ– назариявии ҷумҳуриявӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Дар конфронс гуфта шуд, ки дар баробари дигар муассисаҳои фарҳангӣ осорхонаҳо низ дар тарбияи ватандӯстӣ мавқеи хоссаро ишғол менамоянд. Зеро осорхонаҳо ойинаи таърих, маркази ҳифзи мероси ниёгон, баёнгари воқеаҳои тақдирсоз, посдори урфу одат ва суннату анъанаҳои миллӣ, маркази тарбияи худшиносию ватандӯстӣ, зебоипарастию башардӯстӣ, пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардо ва аз ҳама муҳимтар, муҳофизи хотираи инсоният ва мактаби бузурги маърифат мебошанд.
Иштирокдорони конфронс дар мавзӯъҳои «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши экскурсия дар тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон», «Таҳкими маорифи миллӣ–василаи тарбияи ватандӯстӣ», «Тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва моҳияти он», «Инъикоси афкори ватандӯстӣ дар эҷодиёти мутафаккирони тоҷик» ва «Нақши сомонаҳои иҷтимоӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон» маъруза намуданд.
«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» 24 декабри соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтӣ мебошад», — иброз гардид дар конфронс.
Имрӯз ватандӯстӣ рукни асосии мафкураи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин масъаларо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






