ОБУ ҲАВО. Дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 13 дараҷа хунук мешавад

Январь 13, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 13.01.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 13 то 16 январ дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво шабона то 24 дараҷа хунук ва рӯзона то 13 дараҷа  хунук шуда, дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят боришоти сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10   метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 6-11 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 6-11  дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 21-26 дараҷа хунук, рӯзона 13-18 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 17 то 22 дараҷа хунук, рӯзона 7-12 дараҷа хунук, дар доманакӯҳҳо шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  16-21 дараҷа хунук, рӯзона 10-15 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17-22 дараҷа хунук,  рӯзона 17-17 дараҷа хунук мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17-19 дараҷа хунук, рӯзона 12-14 дараҷа хунук мешавад.

Январь 13, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид